Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Паннир: Сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав метавонад аломати наздик шудани интиқоли қудрат бошад


28 май, Кремл
28 май, Кремл

Рӯзи 28-уми май президенти Русия Владимир Путин дар Кремл барои аввалин бор раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт. Дар хабари расмии маҷлис гуфта шудааст, ки дар ин вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд – аз масоили муҳоҷират то ҳамкокриҳо дар бахши тиҷорату иқтисод ва сиёсат. Сомонаи Кремлин ба ҷуз нашри мухтасари хабари мулоқоти ду мақом, тафсилоте надодааст.

Дар Тоҷикистон оҷонсии расмии "Ховар" навишт, Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои сафари расмии ахири президент Эмомалӣ Раҳмонро ба Русия ёдовар шуда, Путинро барои сохмони бинои театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқати «Сириус» ташаккур кардааст.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки писари калонии президенти Тоҷикистонро чун ҷойгузини ояндаи курсии падараш меноманд. Дар як сӯҳбат бо таҳлилгари амрикоӣ Брюс Паннир нахуст аз ӯ пурсидем, оё аҳамияти дидори Рустами Эмомалӣ ва Владимир Путинро чӣ гуна шарҳ медиҳад?

Брюс Паннир: Дар мавриди Тоҷикистон, пеш аз он ки интиқоли қудрат анҷом ёбад, ҳатман дастгирии Маскав зарур аст. Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад ва ин пойгоҳ аз замони ба истиқлол расидани Тоҷикистон вуҷуд дорад. Русия шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон аст. Дар асл, Русия тамоми ин солҳо барои Тоҷикистон муҳим буд. Нафту маҳсулоти нафтие, ки Тоҷикистон истифода мебарад, аз Русия меояд. Рӯйхати робитаҳо ва ҳамкориҳо байни Русия ва Тоҷикистон хеле дароз аст. Ва тасаввур кардани он ки Тоҷикистон бе пуштибонии Русия муваффақ мешавад, хеле душвор аст. Агар Русия норозӣ шавад, метавонад вазъро барои Эмомалӣ Раҳмон ё каси дигаре, ки дар сари қудрат аст, хеле душвор кунад. Аз ин рӯ, барои анҷом додани интиқоли қудрат ва боқӣ мондан дар қудрат, пуштибонии Маскав хеле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: То куҷо замони интиқоли қудрат аз дасти падар, яъне Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ наздик аст?

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Паннир: Ин саволи хуб аст, ки мо то чӣ андоза ба интиқоли қудрат наздик ҳастем. Мо кайҳо боз тахмин мезанем. Падар, эҳтимолан, саломатии хуб надорад ва синнаш ҳам хеле гузаштааст. Шахсан, ман ин сафари Рустами Эмомалиро ба Маскав нишонаи наздик шудани интиқоли қудрат медонам. Инро ба мисли он чизе мебинам, ки дар Туркманистон рух дод, ки дар он ҷо Сардор Бердимуҳаммадов пеш аз ба даст гирифтани қудрат аз падараш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ба Маскав рафта буд. Ягон ҳодисаи мушаххасе набуд, ки баҳонаи сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав бошад. Аммо худи факти ин сафар ва истиқболи ӯ аз ҷониби Президенти Русия нишон медиҳад, ки шояд онҳо то андозае наздик шуда истодаанд. Гарчанде ман таъкид мекунам, ки сафари Сардор Бердимуҳаммадов 9 моҳ пеш аз интиқоли қудрат дар Туркманистон анҷом шуда буд. Шояд то он лаҳза боз вақт лозим шавад, аммо ман инро аломати наздикшавии интиқоли қудрат медонам.

Ҳадафи сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав чӣ буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Радиои Озодӣ: Оё густариши равобит бо Маскав метавонад ба Рустами Эмомалӣ таъсири манфӣ расонад, бахусус агар интиқоди байнулмилалӣ аз вориси худкома шадидтар шавад?

Брюс Паннир: Медонед, ман фикр мекунам, ки Русия аз вазъият қаноатманд аст. На танҳо Русия — ҳаминро метавон дар бораи Чин ҳам гуфт. Онҳо мехоҳанд, ки вазъи мавҷуда дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳифз шавад. Онҳо бо Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 30 сол кор кардаанд. Онҳо одат кардаанд бо ӯ кор кунанд ва шеваи раҳбарии ӯро мешиносанд. Акнун, агар ба дигар тағйирот назар андозем — мисол, инқилобҳо дар Қирғизистон, вақте ки ногаҳон саволҳои зиёде ба миён меомаданд, ки раҳбари нав кист ва мавқеи ӯ чӣ гуна аст? Ҳатто дар Қазоқистон, вақте ки Назарбоев истеъфо дод, барои давоми се сол ҳама чиз хуб пеш мерафт, вале баъдан нооромӣ дар моҳи январ сар зад, ва Маскав маҷбур шуд муносибати худро бо Қазоқистон аз нав бозбинӣ кунад. Ва бояд гуфт, ки Тоқаев Назарбоев набуд. Дар Ӯзбекистон ҳам каме пештар тағйирот рух дод, аммо ман фикр мекунам барои Русия хеле муҳим аст, ки як узви оилаи Раҳмон ба қудрат бирасад. Онҳо инро авлотар медонанд, ва на танҳо Русия — ман фикр мекунам Чин, ва ҳатто ҳамсояҳои Осиёи Марказӣ низ аз чунин интиқоли қудрат — аз падар ба писар — қаноатманд хоҳанд буд. Зеро ин маънои идомаи сиёсати қаблиро дорад. Онҳо медонанд чӣ гуна бо Тоҷикистон кор кунанд. Онҳо аллакай дер боз бо ин кишвар сару кор доранд. Агар шахси наве ба қудрат ояд, касе намедонад — шояд сиёсатҳои қаблиро идома диҳад, шояд кӯшиш кунад номи худро барорад ва нишон диҳад, ки аз раҳбари қаблӣ фарқ дорад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки Маскав — ва на танҳо Маскав — аз он ки дар Тоҷикистон интиқоли қудрати сулолавии аз падар ба писар сурат мегирад, қаноатманд ҳастанд.




Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG