Дар Кӯлоб баҳси як сокини шаҳр бо терминали мусофиркашӣ солҳост ҳалли худро пайдо накардааст. Ин сокин иддао дорад, ки масъулони терминал барқасдона даромадгоҳи хонаашро бо ду контейнер маҳкам кардаанд.
Қурби доллари амрикоӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ ба таври чашмрас поин рафтааст. Рӯзи 27-уми май бар асоси маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, 100 доллар ба 1017 сомонӣ баробар буд. Дар бонкҳои тиҷоратӣ арзиши 100 доллар аз 1000 сомонӣ ҳам пойин фаромада буд.
Хабарҳои рӯз
Нозирони байнулмилалӣ мегӯянд, то кунун ҳазорон асирони ҷангӣ ва ғайринизомии украинӣ дар минтақаҳои ишғолкардаи Русия моҳҳо ва ҳатто солҳо дар инзиво қарор доранд. Бино ба гузоришҳо, шиканҷаи онҳо як амрӣ маъмулӣ шудааст.
Видеои Эмануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ки зоҳиран ҳамсараш ӯро як шаппотии сабук мезанад, имрӯз дар саросари интернет паҳн шуд. Қабл аз фуруд омадани Макрон аз ҳавопаймо Вйетнам дида мешавад, ки дар дохили ҳавопаймо як дасте бари рӯи Макронро ақиб мезанад.
Баъди ҳамлаҳои нави маргбори Русия ба Украина, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико президенти Русия Владимир Путинро «девонаи комил» номида гуфт, ки ӯ бе ягон сабаб одамони зиёдеро мекушад.
Фарзандон ва ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, мегӯянд, эҳтимол дорад 4 оила бо 30 аъзои он дар кӯча бимонанд.
Ахбори Озодӣ
Дар Қазоқистон нархи хона бо суръати рекордӣ боло меравад. Махсусан дар шаҳрҳои калоне, чун Алмаато ва Остона. Таҳлилгарон мегӯянд, болоравии беисти нархҳо орзуи сокинони оддиро, ки мехоҳанд соҳиби хонаи худ шаванд дастнорас кардааст.
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави буҳронҳоии ғизоӣ барои соли 2025 Тоҷикистонро дар минтақаҳои таҳти хатари камбуди озуқаворӣ қарор додааст. Ҳарчанд Тоҷикистон ба шумули кишварҳои дорои буҳрони шадиди ғизоӣ ворид нагардидааст, аммо чун кишвари хеле осебпазир ном бурда шудааст.
Дар Қирғизистон, мавзӯи меҳтарсолорӣ ё “Дедовшина” дубора пурбаҳс шуд. Ин бор як изҳороти вазири нави дифоъ ин масъаларо доғ кард. Вай гуфтааст, бадрафторӣ дар артиш ҳоло чандон мавзӯи доғу муҳим нест, ва таъкид кардааст, ки тарбияи сарбозон бояд ҳанӯз аз кӯдакистону мактаб оғоз шавад.
Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд чанд рӯз мешавад, бо нишони норизоиятӣ аз вайрон кардани хонаву мағозаҳояшон таҷаммӯъ мекунанд. Иддаои онҳо ин аст, ки бар ивази манзилашон як ширкати сохтмонӣ ҷуброни кам медиҳад ва хостаҳояшонро ба инобат намегирад.
Ёфтҳои бештар