Агар маблағгузории барномаҳои мубориза бо СПИД аз ҷониби ИМА барқарор ваё табдил нашавад, пешрафтҳое, ки дар ин самт дар Тоҷикистон то ҳол ба даст омадааст, осеб мебинад. Раҳбари барномаи мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова дар як мусоҳибааш бо сомонаи UNAIDS аз паёмадҳои қатъи маблағгузорӣ ба ин барномаи СММ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҳамидова мегӯяд, бидуни идомаи маблағгузорӣ мушкили ҷиддӣ дар самти ташхису муоина, табобат ва нигоҳубини беморони гирифтори ин вирус эҷод мешавад, ки давоми солҳои зиёд ба як дастоварди соҳаи тибби Тоҷикистон табдил шуда буд.
Баста шудани кори Оҷонсии рушди ИМА (USAID) аз ҷониби маъмурияти Доналд Трамп, ки ин оҷонсии ҳукуматиро дар хароҷоти барзиёд интиқод намуда ба бастани он амр дод, садҳо тарҳҳои барашрдӯстонаро аз ҷумла дар бахши тиббу саломатӣ осеб расонид. Яке аз ин барномаҳо – тарҳи СММ оид ба мубориза бо СПИД мебошад, ки аз назари хароҷот ба дастгирии ҷиддие ниёз дорад.
Азиза Ҳамидова мегӯяд, Тоҷикистон дар солҳои охир дар бахши мубориза бо СПИД ба дастоварҳои муҳиме ноил шуд. Аз ҷумла, “шурӯъ аз соли 2020 омори маргу мир бо сабаби гирифторӣ ба вируси заъфи масунияти бадан – HIV ду баробар кам шуд”. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳои сироятшавии мустақим аз занони таҳти табобат аз 2,6% ҳолатҳои соли 2018 то 0,8% дар соли 2024 кам гардид.
Ӯ гуфт, як дастоварди дигар ин коҳиш ёфтани арзиши муолиҷаи гирифторони беморӣ гардид. “Бо кӯмакҳои созмонҳои шарики мисли PEPFAR, Бунёди глобалӣ ва UNAIDS хароҷоти табобати як бемори гирифтори СПИД дар Тоҷикистон аз 254 доллар то ба камтар аз 65 доллар дар як сол коҳиш дода шуд. Акнун табобати зиддиретровирусӣ ба ҳама сокинони гирифтори HIV дар Тоҷикистон дастрас аст”, гуфт Ҳамидова.
Раҳбари барномаҳои мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, боздошта шудани маблағгузории барномаҳои онҳо метавонад паёмадҳои офатборе дошта бошад, чун, ба гуфтаи ӯ, 60% маблағгузории Барномаи милии мубориза бо HIV-ро аз берун таъмин мекарданд. Фонди глобалӣ ва ҳукумати ИМА ин бахши маблағҳоро таъмин мекарданд, гуфт ӯ.
Ҳамидова гуфт: “Ба шарофати талошҳои муштараки UNAIDS, PEPFAR ва Бунёди глобалӣ ҳукумат соли 2024 аввалин Нақшаи роҳи худро барои таҳти назорат нигоҳ доштани бемории HIV эҷод кард ва он заминаҳои дар эътидол нигоҳ доштани вазъро то соли 2030 пешбинӣ мекунад. Қатъи ногаҳонии маблағгузорӣ барои ҳамаи мо – барои ҳукумат, шарикон, барои ҳамаи дастандаркорони барномаи мубориза бо HIV як шок шуд. Медонед, ҳеҷ кас ба чунин як зарбае омода набуд. Ҳукумат бояд тадбирҳои оҷиле рӯи даст мегирифт, то ки эҳтиёҷоти изтирориро бипӯшонад. Ҳукумати Тоҷикистон ва UNAIDS аз ояндаи барномаҳои HIV нигарон ҳастанд ва ҳоло аз паи нақшакашию таъини авлавиятҳои стратегӣ мебошанд”.
Ба қавли Ҳамидова, «бо вуҷуди ин ки барои соли 2026 маблағгузории иловагӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо гардид, он ҳамоно кофӣ нест. Ҳанӯз ҳам талошҳо барои ҷалби захираҳои беруна, бахусус барои гурӯҳҳои калидии ҷомеа мисли пешина бисёр муҳим аст”.
USAID оҷонсии ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард. Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолияти Тоҷикистон, тавассути ин созмон ИМА ба ин кишвар дар ҳаҷми беш аз 2 миллиард доллар кӯмак кардааст.
Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, баъди боздошта шудани ироаи ёриҳои ин оҷонсӣ бояд дар фикри пайдо кардани сармояҳои нав шаванд.
Гуфтугӯ