Додгоҳҳои Русия аз аввали сол то кунун бештар аз 20 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ, азҷумла ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба дафтари матбуоти Идораи додгоҳҳо хабар додааст.
Бо сахттар шудани меъёру муқаррароти кор барои хориҷиён, бахусус муҳоҷирон дар Русия, ихроҷ ва ё рондани онҳо аз қаламрави ин кишвар идома дорад.
Хабаргузории Интерфакс рӯзи 26-уми май гуфт, ки дар муддати чор моҳи гузашта бо амри додрасҳои Русия андаке бештар аз 19 ҳазор муҳоҷирро аз кишвар берун кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2600 нафар камтар аст.
Дар чор моҳи аввали соли 2024 аз Русия бештар аз 2700 нафарро ихроҷ карда будаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти идораи додгоҳҳои Русия, сабаби камтар шудани депортатсия ва ё ихроҷ фармони президент Владимир Путин аст, ки муҳлати қонунӣ кардани ҳузуру кори муҳоҷирон дар Русияро то рӯзи 10-уми сентябр дароз кард.
Видеоро инҷо бинед:
Владимир Путин моҳи декабри соли гузашта бо имзои як фармон аз муҳоҷирону хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, хост, ҳузурашонро қонунӣ кунанд, дар акси ҳол аз хоки Русия ронда мешаванд. Баъди ин амалиёту ҷустуҷуи муҳоҷирони қонуниву ғайриқонунӣ дар саросари Русия зиёд шуд ва олуда ба бадрафтории маъмурони милиса бо муҳоҷирон ҳам буд.
Охири моҳи март бо судури фармони дигаре ба муҳоҷирон 4 моҳи дигар муҳлат доданд, ки санадҳояшонро қонунӣ кунанд ва кор то ба ҷое расид, ки муҳоҷирон дар навбат паси дарҳои идораҳои муҳоҷират дасту по шикастанд ва ҳатто ҷон доданд.
Ба гуфтаи мақомоти Русия соли 2024 аз қаламрави ин кишвар 88 ҳазор хориҷиеро берун кардаанд, ки ғайриқонунӣ кору иқомат доштанд. Ба қавли мақомот, соли 2024 бештар аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ кардаанд ва бисёр аз онҳо ҳақ надоранд, то 5 сол ба қаламрави ин кишвар баргарданд.
Шикоят аз он ҳам зиёд буд, ки баъзе аз ин афрод тамоми санадҳоро доштанд ва қонунӣ кору иқомат мекарданд, вале маъмурони милиса ҳеч яке аз онҳоро ба инобат намегирифтанд.
Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва бино ба гузоришҳо бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат мекунанд. Гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ таҳқиру бадрафторӣ бо ин муҳоҷирон ва зери по кардани ҳуқуқи онҳо зиёд нашр мешавад.