Агар умр вафо мекард, рӯзи 29 май коргардони маъруфи синамо Бахтиёр Худойназаров 60-сола мешуд. Ӯ даҳ сол пеш дар Берлин, дар авҷи камолоти эҷодӣ дар синни 49-солагӣ даргузашт, вале дар ҳамин муддати кӯтоҳи умраш ҳам тавонист як таҳаввулоти ҷиддие дар муаррифии филми тоҷик дар ҷаҳон барпо кунад.
Мунаққидон мегӯянд, Бахтиёр Худойназарова сабки синамосозии худро сохт ва ин сабк комилан инфиродӣ ва фарқкунанда аз дигарон буд.
Ба муносибати ин сана хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як филми мустанаде дар бораи мӯъҷизаи ҳунарии Бахтиёр Худойназаров, кораш дар авҷи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сари филмҳои “Қош ба қош“-у “Братан”, то ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар хориҷа барои “Падари маҳтобӣ” аз забони ҳамкорону мунаққидони синамоӣ, ба мисли Саноат Азизова, Сафари Ҳақдод, Фирӯз Сабзалиев, Рушт Руштов, Далер Назаров, Николай Фоменко, Ираклий Квирикадзе ва дигарҳо қисса мекунанд.
Филмро дар ин ҷо тамошо кунед:
Гуфтугӯ