Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Украина пешниҳод кард, рӯзи 2 июн музокироти навбатиро барпо кунанд


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Русия ба Украина пешниҳод кардааст, ки рӯзи 2 июн дар Истанбул мулоқоти навбатиро барпо кунанд. Дар ин бора рӯзи 29 май вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод.

Ӯ гуфт, ки Русия ёддошти тафоҳумеро дар бораи созиши сулҳ бо Украина таҳия кардааст ва онро ёвари президенти Русия Владимир Мединский пешниҳод мекунад. Ҳафтае аз ин пеш дар мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар Истанбул Киев ва Маскав ба мувофиқа расиданд, ки сандаҳоеро бо баёни мавқеи ҳар ҷониб дар заминаи шартҳои оташбас омода хоҳанд кард.

Вазири дифои Украина Рустам Умаров гуфт, ки ба ҳайати Русия санадеро додааст, ки дар он мавқеи ҷониби Украина зикр ёфааст ва интизор аст, айни чунин санадро аз тарафи Русия дастрас кунад. Ӯ гуфт, Русия ваъда дода буд, ки баъди хатми табодули зиндониҳо, ки дар ҷараёни мулоқоти аввалини онҳо баррасӣ шуд, чунин санадро таҳия ва пешкаш мекунанд. Охирин давраи табодули зиндониҳо 25 май ба анҷом расид.

Умаров гуфт, «мо омодагии Украинаро ба хатми пурраву беқайду шарти оташбас ва фаъолияти минбаъдаи дипломатӣ тасдиқ мекунем. Мо зидди мулоқот бо русҳо нестем ва интизори «ёддошти» онҳо ҳастем, то ки мулоқот бомазмун гузарад ва замони хатми зудтари ҷангро наздиктар кунад». Умаров аз Русия ҳам даъват кард, ки «ба ваъдааш вафо кунад».

Умаров инчунин Маскавро дар талоши ба дарозо кашидани ҷараёни сулҳ гунаҳгор кард. Ӯ гуфт, ки баъди интиқодҳои сахти «президент Трамп, раҳбарони аврупоӣ ва президент Зеленский, ки исбот карданд, ки ҷаҳон барои дастёбӣ ба сулҳ дар Украина муттаҳид шудааст, русҳо билохира хабар доданд, ки «ёддошти» худро такмил кардаанд». Вале бо пешкаш кардани санади худ боз ҳам таъхир мекунанд, гуфт Умаров.

Рӯзи 16 май дар Истанбул даври аввали музокироти миёни ҳайатҳои Русия ва Украина барпо шуд. Як натиҷаи муҳими ин нишаст табодули асирон аз рӯи меъёри «1000 ба 1000» буд. Мединский гуфт, ки Киев аз Маскав тақозо кард, ки мулоқоти мустақими миёни президентони Русия ва Украина баргузор шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG