“Братан”-и Худойназаровро дар Венетсия намоиш медиҳанд

Бахтиёр Худойназаров ҳангоми наворгирии филми охиринаш "Бонуҳои майор Соколов"

Филми “Братан”-и коргардони машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаровро рӯзҳои 2 ва 3-юми сентябр дар Ҷашнвораи Венетсия намоиш медиҳанд.

Ҷашнворае, ки мегӯяд, рисолаташ таблиғи пешрафти синамо ва ҳунар дар рӯҳияи озодиву муколама аст, имсол бори 79-ум баргузор мешавад.

Филми “Братан” аз саргузаштҳои ду бародар қисса мекунад, ки савори қатора ба ҷустуҷӯи падар мебароянд. Падар солҳо пеш оиларо тарк кардааст.

Худойназаров солҳо пеш дар шарҳи “Братан” гуфтааст, “агар гӯем, ки ин филм бар пояи саргузаштҳои худи ман сохта шудааст, дуруст нест. Бисёр ҳолатҳои ин филм бо дарки эҳсосоту таҷрибаҳои худи ман тасвир шудаанд.”

Бахтиёр Худойназаров яке аз ангуштшумор коргардонҳои “Тоҷикфилм” аст, ки ба шарофати филмҳояш “Братан”, “Падари маҳтобӣ” ва дигарон шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ӯ соли 2015 дар 49-солагӣ ва бар асари бемории саратон даргузашт.