Аз рӯзи 30-юми майи имсол қоидаҳои фиристодани маблағ аз Русия ба хориҷа тағйир меёбад.
Бар асоси тартиби нав, шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён акнун наметавонанд бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ дар як вақт аз 100 ҳазор рубл бештар интиқол диҳанд.
Қаблан ин гуна маҳдудият набуд ва хориҷиён метавонистанд танҳо бо шиноснома маблағи мехостаашонро ба хориҷа интиқол диҳанд. Вале дигар ин кор имконпазир нест.
Акнун дар вақти фиристодани зиёда аз ҳазор 100 ҳазор рубл, русиягиҳо ва ҳам хориҷиён бояд ҳама маълумотҳои заруриро ба бонк пешниҳод кунанд. Аз ҷумла, ҳамёни мобилии онҳо бояд тасдиқнамоӣ ё идентификатсия пурраро гузашта бошад.
Бонкҳои Русия ҳамчунин метавонанд дар вақти интиқоли зиёда аз 100 ҳазор рубл аз соҳибони маблағ маълумоти бештар талаб кунанд, аз ҷумла, дар бораи мақсади интиқол ва шахси қабулкунандаи пул.
Мақомоти Русия мегӯянд, бо ин роҳ аз қонунӣ кардан ё баровардани маблағҳое мубориза мебаранд, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд.
Вале тартиби нав як сабукӣ ҳам дорад ва маҳдудият барои пардохтҳо аз корт ба корт пешбинӣ нашудааст.
Хабаргузории ТАСС менависад, маҳдудият дар интиқоли маблағ метавонад ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон таъсир расонад. Зеро чанд миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағи фиристодаи онҳо барои хонавода ва кишварашон бисёр муҳим гуфта мешавад.
Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 маблағи фиристодаи муҳоҷирон 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки барои кишвар маблағи "рекордӣ" ба ҳисоб меравад.