Баъди пирӯзии Паноҳӣ дар Канн мақомоти Эрон кордори Фаронсаро фаро хонданд

Ҷаъфар Паноҳӣ бо ҷоизаи ҷашнвораи Канн

Мақомот дар Теҳрон барои изҳори назари, ба қавли онҳо “таҳқиромези” вазири корҳои хориҷии Фаронса дар робита бо пирӯзии филми коргардони эронӣ дар ҷашнвораи синамои Канн сафири он кишварро фаро хонданд. Дар саҳифаи Х Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса рӯзи 24 май, баъди барандаи “Нахли тиллоӣ” эълон шудани филми Ҷаъфари Паноҳӣ ғалабаи ӯро “иқдоми муқовимат алайҳи режими саркӯбгари эронӣ” номид.

Дар маросими рӯзи шанбе Паноҳии 64-соларо барои филмаш “Як тасодуфи содда” бо шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии синамо қадрдонӣ карданд. Дар ин филм панҷ қаҳрамони он зидди марде мубориза мебаранд, ки ба боварашон онҳоро дар дохили зиндон шиканҷа кардааст. Дар ин филм чандин ҳунарпешаи зан бидуни ҳиҷоби маҷбурӣ зоҳир шудаанд.

Хабаргузории IRNA рӯзи якшанбе навишт, ки “дар паи шарҳҳои таҳқиромез ва иттиҳомҳои беасоси вазири Фаронса..., кордори ин кишвар дар Теҳрон ба вазорат даъват шуд”. Дар он гуфта шудааст, ки Эрон “сӯиистифодаи ҳукумати Фаронса аз ҷашнвораи Канн” ба хотири “пешбурди ҳадафҳои сиёсиаш алайҳи Ҷумҳурии Исломиро маҳкум мекунад”. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс хабар додааст.

Дар ҳоле, ки дар ҷашнвораи Канн филми Паноҳӣ, ки аз таҷрибаи дар зиндони Эрон буданаш маншаъ мегирад, мавриди таваҷҷӯҳи зиёди мунаққидон қарор гирифт, дар дохили Эрон расонаҳои давлатӣ хабари пирӯзии филмро нодида гирифтаанд. Бархе расонаҳо, мисли оҷонсии Форс, аъзои ҳакамони ҷашнвораи Каннро “сиёсизада” номиданд. Нашрияҳои “Эътимод”, “Шарқ” ва “Ҳаммеҳан”-и ислоҳталабон хабари пирӯзии Паноҳиро на дар саҳифаи аввал, балки дар дохили нашрияшон чоп карданд.
Худи Паноҳӣ, ки аз соли 2010 баъди борҳо зиндонӣ шуданаш дигар ҳақи филмбардорӣ дар Эронро надорад, дар муроҷиаташ ба ширкатдорони ҷашнвораи Канн мардуми кишварашро ба ваҳдат даъват кард.

Рӯзи 26-уми май Паноҳӣ ва тими ҳунармандонаш баъди бозгашт ба Эрон дар фурудгоҳи Теҳрон бо истиқболи гарми ҳаводорон рӯбарӯ шуданд, ки шиори "Зан, зиндагӣ, озодӣ"-ро ба забон меоварданд.


Ин бори дуюм аст, ки як филмсози эронӣ барандаи “Нахли тиллоӣ”-и ҷашнвораи Канн мешавад. Соли 1997 Аббоси Киёрустамӣ барои “Таъми гелос” ҷоизаи Каннро бурда буд. Киёрустамӣ ҳам дар давоми фаъолияти эҷодиаш бо монеа барои кору фаъолият рӯбарӯ шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Оскар. Ҷоизаи "Дар сояи сарв"-и синамогарони эронӣФилми муштараки Тоҷикистону Эронро ба “Оскар” мебаранд? ВИДЕОҚаҳрамони филми "Шаҳрзод"-ро дар Эрон боздошт кардандЗар Амириброҳимӣ "беҳтарин бозигари зан" дар ҷашнвораи Канн шуд