Боздошти ҳафт нафар дар Русия бо гумони узвият дар созмони террористӣ

Як боздоштгоҳе дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, дар шаҳри Нижний Новгород ҳафт нафарро бо гумони узвият дар созмони терористӣ боздошт кардаанд. ФСБ ва ё Хадамоти амнияти федералӣ рӯзи 27-уми май гуфт, ки ҳамаи онҳо зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки гуё бо паҳн кардани ғояҳои террористӣ миёни муҳоҷирон сафи аъзои созмони худро аз ҳисоби онҳо зиёд мекарданд.

Номи ҳеч яке аз созмонҳои террористӣ дар ин хабар наомадааст. Хадамоти мазкур бо нашри видеое аз ҷараёни боздошти гумонбарон гуфтааст, ки ин гурӯҳи ифротиён бо дастури раҳбарашон, аз Полша ва ё Лаҳистон амал мекарданд.

Хадамоти амнияти федеролӣ бар зидди ду нафар аз боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва додгоҳ амр додааст, ки онҳо то замони анҷоми таҳқиқи парванда ва то 19-уми июл дар боздоштгоҳ бимонанд. Панҷ нафари боқимондаро аз Русия ихроҷ мекунанд.

Шаҳрвандии ин афродро ошкор накардаанд, вале дар видео санадҳо аз ҷумла шиносномае дида мешавад, ки зоҳиран айни шиносномаи Узбекистон аст. Ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирон баъзан ба дурустии ин гуна боздоштҳо ва иттиҳомоти мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳо чунин амалиёт бо ҳадафи вонамуд кардани муборизаи ниҳодҳои интизомии Русия бо терроризм саҳнасозӣ мешаванд.