Дар шаҳри Толяттии Русия як зодаи Тоҷикистонро ба хок супориданд, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст. Маросими дафни Мират Раҳмонови 38-сола рӯзи 27-уми май сурат гирифт. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани видео аз ҷараёни видоъ бо муҳоҷири тоҷик гуфтанд, ки ӯро 8 моҳ пеш ба ҷанги Украина бурдаанд ва се моҳи пеш кушта шудааст. Ҷасадашро чанде пеш ба маҳалли иқоматаш ба шаҳри Толятти дар вилояти Самара овардаанд, ки онҷо бо ҳамсару фарзандонаш зиндагӣ мекардааст.
Фарде, ки видеоро сабт кардааст, мегӯяд, дар маросими дафн ду писари Мират Раҳмонов ҳузур доранд. Ҷавони тоҷик сокини ноҳияи Данғара будааст. Маълум нест, ки чӣ гуна ва дар кадом шаҳри Украина кушта шудааст. Ин танҳо хабари кушт шудани зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина дар ҳафтаи ҷорӣ нест.
Ҷасади Ихтиёр Холов, як қурбонии дигари ҷанги Русия дар Украина чанд рӯз боз дар яке сардхонаҳои Русия мехобид. Рӯзе пештар бо мусоидати корбарон ва нашри акси ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ падараш ӯро шинохт ва ҳоло зоҳиран дар садади гирифтану дафн кардани ҷасади фарзандаш аст.
Таҳлилгарон пайвастани тоҷикон ба ҷангро ба камбизоатӣ ва муҳоҷират ба Русия пайванд медиҳанд. Чанде пеш тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина бо нашри як рӯйхат номи беш аз 900 тоҷикро эълон кард, ки ба ҷанги Украина рафтаанд ва 196 нафарашон кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора омору маълумоте намедиҳанд.