Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 май Барномаи пешгирӣ ва назорати саратон дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 қабул шуд. Сомонаи президент навишт, ки дар ин ҷаласа бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ барномаи навро муаррифӣ намуд ва ин барнома бахше аз Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 дониста хоҳад шуд.
"Масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст” ва бо ин ҳадаф, ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, дар солҳои наздик сатҳи иттилоърасонӣ ба аҳолӣ дар бораи сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои онкологӣ ва пешгирӣ аз онҳо тавсеа хоҳад ёфт.
Табибон як мушкили асосӣ дар табобати саратонро дар он мебинанд, ки бисёриҳо одати сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаштанро надоранд ва бисёр вақт барои табобати беморӣ дер муроҷиат мекунанд. Сокинон дар навбати худ мегӯянд, ба далели гарон будани ташхису табобат аз сари вақт муроҷиат кардан ба табибон худдорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон то соли 2024 дар маҷмӯъ 20 ҳазору 675 нафар бемори онкологӣ ба қайд гирифта шудааст. Табибон аз афзоиши гирифторӣ ба бемории саратон дар миёни занон изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, дар як сол омори ошкоршавии саратони сина дар миёни занон то 500 нафар зиёд мешавад.