Дар Варзоб бар асари як садама ду кас ҳалок ва 3 тан захмӣ шуданд

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Варзоб, ду кас ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса субҳи 26-уми май рух додааст. Манбаъ мегӯяд, мошини "Мерседес-Бенс" мутааллиқ ба як сокини ноҳияи Айнӣ бо чор мусофир ба чуқурии 400-500 метр меафтанд.

"Ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардоштанд, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Мақомот гуфтанд, фавтидагон яке 61 ва дуввумӣ 29-сола буданд. Онҳо сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ будаанд.

Сабаби садама маълум нест, танҳо тахмин меравад, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ сокинон захмӣ ва ҳалок мешаванд.