Дуздии маблағи фонди хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб

Шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз дуздии маблағ дар вақти амал кардани як лоиҳаи давлатӣ хабар додааст.

Ба гузориши ин ниҳод, моҳи июни соли 2023, Хоҷагии манзили коммуналӣ барои амалӣ кардани лоиҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ҶДММ "Назри И" шартнома имзо мекунад. Маблағи шартнома 1,6 миллион евро будааст.

Ба гуфтаи мақомот, мудири ин ширкат Нозимов И, "бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ", арзиши молу маҳсулот ва корҳои иҷрошударо нисбат ба арзиш ва нархи воқеии он барзиёд нишон додааст.

Дар ҳоле, ки назари Нозимов ба иттиҳом маълум нест, Оҷонсӣ мегӯяд, ӯ бо роҳи зиёданависӣ, қариб 166 ҳазор сомониро тасарруф кардааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи Нозимов бо иттиҳомҳои "тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ" ва "сохтакорӣ", парванда боз карда, баъди таҳқиқ онро ба додгоҳ фиристодаанд.

Маълум нест, ки додгоҳ нисбати Нозимов барои дуздии маблағи фонди хориҷӣ чӣ ҷазо таъин кардааст. Мақомот ҳамчунин нагуфтаанд, ки ин нафар пули кадом фонди хориҷиро дуздидааст.

Тибқи хабарҳои расмӣ, соли 2022 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои беҳтар шудани низоми обрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб 7,5 миллион доллар ҷудо карда буд.