Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии Global Peace як зина беҳтар шуд

Яке аз хиёбонҳои Душанбе

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои амн мавқеъи худро як зина беҳтар кардааст.

Дар гузориши солонаи Global Peace, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ нашр кард, Тоҷикистон дар байни 163 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи амну осоиш дар ҷойи 72-юм қарор гирифтааст.

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистонро аз нигоҳи сатҳи ҷинояткорӣ, вуҷуди низоъҳои дохиливу хориҷӣ, суботи сиёсӣ, хароҷоти мудофиа ва дигар нишондодҳо баҳо додаанд. Дар 10 соли охир Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеъи худро 37 зина беҳтар кардааст.

Русия ва Украина мутаносибан дар ҷойҳои 156 ва 159-ум ва дар қатори кишварҳои ноамн қарор гирифтаанд. Дар поёни ин рӯйхат Яман қарор дорад, ки аз даргириҳои мусаллаҳона, бӯҳрони башарӣ ва бесуботии сиёсӣ ранҷ мебарад.

Ба панҷгонаи кишварҳои осоиштаи ҷаҳон Исландия, Ирландия, Австрия, Зеландияи Нав ва Сингапур шомил гардидаанд. Ин давлатҳо бо сатҳи баланди амният, сатҳи пасти ҷинояткорӣ, набуди низоъҳои дохиливу байналмилалӣ ва муассисаҳои устувори идоракунӣ фарқ кардаанд.

Бино ба ин гузориш, соли 2024, дар умум сатҳи амният дар тамоми ҷаҳон бадтар шудааст. Муаллифони тадқиқот бад шудани вазъро дар 97 кишвари ҷаҳон таъкид карда, сабабро ба афзоиши ташаннуҷи сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва бӯҳронҳои дохилии сиёсиву иқтисодӣ рабт додаанд.