Президент Доналд Трамп ин ҳафта ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русияро баррасӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи Wall Street Journal бо такя ба манобеаш дар Кохи Сафед гузориш додааст.
Ба гузориши манбаъ, ҳадаф аз таҳримҳои нав маҷбур кардани Владимир Путин ба гузашт ва қабули оташбас дар ҷанг алайҳи Украина аст.
Нашрияи Wall Street Journal мегӯяд, дар бораи таҳримҳои нав ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст ва Трамп метавонад аз ин кор даст кашад.
Рӯзи 25-уми май Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз амалкарди ҳамтои русаш Владимир Путин интиқод карда гуфт, ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскавро баррасӣ мекунад. Трамп дар як изҳороти бесобиқа тундлаҳнаш гуфт, раҳбари Русия Владимир Путин "комилан девона шудааст." Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар пайи он садо дод, ки артиши Русия рӯзҳои ахир ҳамлаи густурдаеро бо паҳпод ва мушак алайҳи Украина оғоз кардааст.