Рустами Эмомалӣ бори дигар раиси Маҷлиси Миллӣ шудааст

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, бори дувум раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон шудааст. Овоздиҳӣ рӯзи 11-уми апрел гузашт.

Маҷлиси Миллӣ 33 узв дорад ва аксари онҳо аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳастанд. 31 нафари онҳо ба ҷонибдорӣ аз Рустами Эмомалӣ раъй дода, ҳеч кас зид набаромадааст.

Тибқи Қонуни асосӣ раиси Маҷлиси Миллӣ шахси дувум дар ҳукумати Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот, ӯ сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлис ва раиси шаҳри Душанбе аст. Аз соли 2020 вориди Маҷлиси Миллӣ шуд ва аз он замон раёсати табақаи болоии порлумонро ба дӯш дорад.

Аз ин қабл дар чанд вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбари Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 ва баъд аз генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.

Як созмони ғарбӣ дар моҳи марти имсол гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи "фароҳам кардани шароити мусоид" барои интиқоли қудрат ба писараш Рустами Эмомалист. Маркази Карнеги дар Берлин дар гузорише гуфт, ба ҳамин далел "то рафъи ҳама таҳдидҳои эҳтимолӣ, мумкин аст, поксозӣ идома кунад."

Эҳтимоли интиқоли қудрат аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ чанд сол боз матраҳ аст. Ҳардуи онҳо дар ин замина ҳеч гоҳ изҳори назар накардаанд. Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, як идораи вобаста аз раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи июли соли 2024 сару садоро дар ин маврид бепоя хонда буд.

Галия Иброҳимова (Ибрагимова), пажӯҳишгари Маркази Карнеги дар Берлин, ҷавон кардани аъзои Маҷлиси Намояндагон, дигаргунӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, ивазшавии раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, зиндонӣ кардани баъзе аз шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла хабарнигорону сиёсатмадорон ва мансабдорони пешинро аз ҷумлаи чораҳои раисҷумҳури Тоҷикистон барои интиқоли қудрат донистааст.

"Новобаста аз он ки Раҳмон барои ҳифзи вориси худ чӣ чора меандешад, ҳеч замонате нест, ки ӯ қудратро нигоҳ дошта метавонад. Дар низоми сиёсии Тоҷикистон ихтилофҳо зиёданд ва омодагӣ барои интиқоли қудрат бештари онҳоро шиддат мебахшад," – навиштааст Галия Иброҳимова.

Намояндагони мухолифон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 қудратро дар ихтиёр дорад ва борҳо барои монданаш дар ҳукумат ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кардааст, ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд.

Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст. Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ. Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷорат. Ашрафҷон Гулов, домоди Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб.