Трамп гуфт, Путин "бо оташ бозӣ мекунад"

Раисҷумҳури Амрико пас аз ҳамлаи бесобиқаи ҳавоии Русия ба Украина дар се соли гузашта, бори дигар ба ҳамтои русаш Владимир Путин, тохт.

Доналд Трамп рӯзи 27 май бо ишора ба инки, то кунун монеъ аз иқдомоти сахте алайҳи Русия шудааст, гуфт, ки сабраш дар ҳоли тамом шудан аст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Тruth Social навишт, "ончи Владимир Путин ба он таваҷҷуҳ надорад, ин аст, ки агар ман набудам, ҳодисаҳои хеле баде барои Русия рух медод. Ӯ бо оташ бозӣ мекунад".

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, ба интиқоди Трамп бо ишора ба Ҷанги ҷаҳонии севум, посух дод. Ӯ дар паёме ба забони англисӣ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, "дар мавриди суханони Трамп дар ин бора, ки Путин "бо оташ бозӣ мекунад" ва "иттифоқоти бад" барои Русия меафтад, ман фақат як чизро воқеан бад мешиносам, Ҷанги ҷаҳонии севум. Умедворам, ки Трамп инро дарк кунад!".

Ба гуфтаи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар се рӯзи ахир то субҳи 26 май, Русия дар умум беш аз 900 паҳбод ва мушак ба тарафи шаҳрҳои ин кишвар партоб кардааст.

Маскав мегӯяд, ки танҳо "маконҳои низомӣ"-ро дар Украина ҳадаф қарор додааст. Аммо дар ҳамлаҳои субҳи 25 май, ки калонтарин ҳамла аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина ба шумор меравад, 13 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Доналд Трамп дар расонаҳои иҷтимоӣ Владимир Путинро "комилан девона" хонд.

Аз тарафи дигар, мақомҳои Русия шоми сешанбе аз ҳамлаи паҳбодии густурдаи Украина ба ин кишвар хабар доданд ва эълон кардаанд, ки системаи ҳавоии Русия 112 паҳбоди украиниро раҳгирӣ ё аз байн бурдааст.

Вазорати дифои Русия дар "Телеграм" эълон кард, ки ҳамлаи паҳбодӣ байни соати 9-и шаб то нимашаб ба вақти Маскав рух дод ва боиси маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои "Внуково" ва "Жуковский"-и Маскав шуд.

Ба гуфтаи ин вазорат, паҳбодҳои украинӣ, ки "роҳгирӣ ва аз байн бурда шуданд", бар фарози шаш минтақаи мухталиф, аз ҷумла, Брянск, Курс, Белгород, Тула, Орёл ва Калуга, парвоз мекарданд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, гуфт, ки 12 паҳбод, ки ба самти ин шаҳр дар ҳаракат буданд, сарнагун шудаанд.

Пеш аз ҳамлаҳои серӯзаи Русия, Конгресси Амрико ва ҳамчунин "Гурӯҳи 7", ҳукумати Трампро зери фишор қарор доданд, то бинобар бетаваҷҷуҳии Русия ба хости Амрико барои оташбаси фаврии 30-рӯза, таҳримҳое зидди Маскав ҷорӣ кунад.

Конгресси Амрико, ки ҷумҳурихоҳон дар он аксариятро ташкил медиҳанд, ҳанӯз охирин тарҳи таҳримҳо зидди Русияро барои баррасӣ пешниҳод накардааст.

Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп дар посух ба пурсише дар бораи инки, чаро пас аз посухи манфии Путин ба дархости оташбас, таҳримҳое алайҳи Русия ҷорӣ намекунад, гуфт, ки ин кор, он ҳам дар замоне, ки пешрафтҳое эҳсос мекунад, раҳбари Кремлро дур хоҳад кард.

Ҷон Ҳарбст, сафири пешини Амрико дар Украина дар мақолае, ки аз сӯи як пажӯҳишгоҳ дар Амрико нашр шуд, таъкид кард, ки Путин "монанди дигар раҳбарони ғарбӣ аз замони ҷанги Русия дар Гурҷистон дар соли 2008, Трампро ба унвони фарде мебинад, ки тамоюле ба иқдоми қотеъ алайҳи таҷовуз надорад".

Ҳарбст дар ин мақола, ки аз сӯи Шӯрои Атлантик нашр шуд, хотирнишон кард, ки интиқоди Трамп аз ҳамлаҳои ахири Русия ва мухолифати Кремл дар музокироти сулҳ, боиси таҳримҳои нав нашудааст. Ӯ дар айни ҳол афзуд, ки лаҳзаи такондиҳанда дар Сенат ва раъйгирӣ дар бораи тарҳи таҳримҳое алайҳи Русия, ки аз ҳимояти густурдаи ду ҳизб бархӯрдор аст, дар ҳоли шаклгирӣ мебошад.

Трамп аз оғози давраи дувуми президентии худ дар пеш аз чор моҳ пеш, поён додан ба ҷанг дар Украинаро авлавияти аслии сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Ӯ дар моҳи март аз ҳар ду тараф хост, ки фавран бо оташбаси 30-рӯза мувофиқат кунанд.

Зеленский аз ин пешниҳод истиқбол кард, аммо Путин онро рад кард ва аз Киев хост, ки аввалан бо шартҳое монанди хуруҷи нерӯҳояш аз хоки Русия, мувофиқат кунад, аммо Украина онро напазируфт.

Коршиносон гуфтаанд, ки Путин айни замон алоқае ба поён додан ба ҷанг надорад, зеро ба ин бовар аст, ки дар ҳоли пирӯзӣ аст ва ҳанӯз ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои аслии худ дар ин ҷанг, ноил нашудааст.