Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Агар умр вафо мекард, рӯзи 29 май коргардони маъруфи синамо Бахтиёр Худойназаров 60-сола мешуд. Ӯ даҳ сол пеш дар Берлин, дар авҷи камолоти эҷодӣ дар синни 49-солагӣ даргузашт, вале дар ҳамин муддати кӯтоҳи умраш ҳам тавонист як таҳаввулоти ҷиддие дар муаррифии филми тоҷик дар ҷаҳон барпо кунад.
Дар Кӯлоб баҳси як сокини шаҳр бо терминали мусофиркашӣ солҳост ҳалли худро пайдо накардааст. Ин сокин иддао дорад, ки масъулони терминал барқасдона даромадгоҳи хонаашро бо ду контейнер маҳкам кардаанд.
Қурби доллари амрикоӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ ба таври чашмрас поин рафтааст. Рӯзи 27-уми май бар асоси маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, 100 доллар ба 1017 сомонӣ баробар буд. Дар бонкҳои тиҷоратӣ арзиши 100 доллар аз 1000 сомонӣ ҳам пойин фаромада буд.
Хабарҳои рӯз
Нозирони байнулмилалӣ мегӯянд, то кунун ҳазорон асирони ҷангӣ ва ғайринизомии украинӣ дар минтақаҳои ишғолкардаи Русия моҳҳо ва ҳатто солҳо дар инзиво қарор доранд. Бино ба гузоришҳо, шиканҷаи онҳо як амрӣ маъмулӣ шудааст.
Додгоҳҳои Русия аз аввали сол то кунун бештар аз 20 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз ҷумла ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба дафтари матбуоти Идораи додгоҳҳо хабар додааст.
Баъди ҳамлаҳои нави маргбори Русия ба Украина, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико президенти Русия Владимир Путинро «девонаи комил» номида гуфт, ки ӯ бе ягон сабаб одамони зиёдеро мекушад.
Фарзандон ва ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, мегӯянд, эҳтимол дорад 4 оила бо 30 аъзои он дар кӯча бимонанд.
Ахбори Озодӣ
Дар Қазоқистон нархи хона бо суръати рекордӣ боло меравад. Махсусан дар шаҳрҳои калоне, чун Алмаато ва Остона. Таҳлилгарон мегӯянд, болоравии беисти нархҳо орзуи сокинони оддиро, ки мехоҳанд соҳиби хонаи худ шаванд дастнорас кардааст.
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави буҳронҳоии ғизоӣ барои соли 2025 Тоҷикистонро дар минтақаҳои таҳти хатари камбуди озуқаворӣ қарор додааст. Ҳарчанд Тоҷикистон ба шумули кишварҳои дорои буҳрони шадиди ғизоӣ ворид нагардидааст, аммо чун кишвари хеле осебпазир ном бурда шудааст.
Ёфтҳои бештар