Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ), ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, бар тими Туркманистон (U-17) бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ муқобили дастаи наврасони Туркманистон футболбозони тоҷик Парвиз Сангинов ду гол ва Муҳаммадҷон Мираҳмадов як гол заданд. Як голи дигарро футболбозони туркман ба дарвозаи худ ворид карданд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар гурӯҳи «В» мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 28-уми май бо тими Афғонистон рақобат мекунад.
Ҳайати навдаъвати мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд то рӯзи 31-уми май баргузор мешавад, ширкат дорад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 бо иштироки шаш дастаи минтақа - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон – дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд баргузор шудааст.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» - Эрон, Қирғизистон ва Узбекистон; гурӯҳи «B» - Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давра бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойҳои панҷум-шашум доир мешавад.
Дар аввалин бозии гурӯҳи «А» мунтахаби Узбекистон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “В” мунтахаби Туркманистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Бояд гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқаи CAFA-2025 ҳафт бозигаре, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ ширкат доштанд, даъват шудаанд.
Баъди ба даст овардани роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ҳайати нави мунтахаби наврасони мо роҳхати мустақими Ҷоми Осиё-2026-ро соҳиб гардида, аз бозиҳои интихобӣ озод аст.