Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаи мунтахабро барои бозиҳо бо тимҳои Камбоҷа (5-уми июн) ва Филиппин (10-уми июн) эълон кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомил гардиданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳо бо тимҳои миллии Камбоҷа (5-уми июн) ва Филиппин (10-уми июн):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Сафармад Ғаффоров («Барқчӣ», Ҳисор);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷурабоев («Суғдиён», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Динамо», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Мусо Қаҳҳоров («Барқчӣ», Ҳисор);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиён», Узбекистон), Ҳамадонӣ Камолов («Гулгуҳар», Эрон), Фатҳулло Олимзода («Арсенал», Беларус), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол», Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Равшан», Кӯлоб), Шуҳрат Элмуродов («Хуҷанд», Хуҷанд);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Кяпаз», Озарбойҷон), Далер Шарипов («Шуртан», Узбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш», Бохтар), Шериддин Бобоев («Равшан», Кӯлоб).
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар тамрин карда, ба бозиҳои моҳи июн муқобили тимҳои миллии Камбоҷа ва Филиппин омодагӣ мебинад.
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Камбоҷа ва Тоҷикистон 5-уми июн дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Пномпен - доир мегардад.
Пас аз анҷоми бозии дӯстона бо Камбоҷа тими миллии Тоҷикистон ба Филиппин сафар мекунад. Бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас соати 14:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) бо 1203.42 имтиёз дар ҷойи 104-ум, Филиппин бо 1063.01 дар ҷойи 146-ум ва Камбоҷа бо 912.67 имтиёз дар ҷойи 181-ум қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, имсол ду бозӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик 20-уми март дар Душанбе дар бозии дӯстона аз тими миллии Беларус бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрданд.
Бозии мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир гардид, бо ҳисоби 1:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо филиппиниҳо (4-1) дар ҷойи аввал ва футболбозони тоҷик (1-0) дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се бозӣ дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.