Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, дар гурӯҳи I бо мунтахабҳои ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Буркина-Фасо ва Ҷумҳурии Чех бозӣ мекунад.
Бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду даста мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбанд, инчунин дастаи мавқеъи сеюм бо беҳтарин натиҷа аз гурӯҳ боло хоҳад омад.
Дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи J бо мунтахабҳои Парагвай, Панама ва Ирландия рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ чаҳор бозӣ анҷом дода, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025 роҳхат гирифт.
Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда, дар даври чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, гуфт, «дар Ҷоми Осиё-2025 ҳамагон шоҳиди ҳунарнамоии зебои дастаи мо буданд. Мо бояд бо ин бачаҳо ифтихор кунем, зеро онҳо ҳамаи қувваашонро сарф карданд, то ҳадди имкон пештар равем ва танҳо зарбаҳои пеналти муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ моро аз роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ маҳрум кард. Бовар дорам, ки дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон ба сатҳи баланд мебарояд ва бачаҳои мо боз моро ба ҳайрат меоранд.”
Бояд зикр намуд дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтааст. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.