Дар чанд ҷумла
Ҷо Байден ба бемории саратон мубтало гаштааст

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба саратони простата мубтало шудааст.
Дафтари Байден рӯзи якшанбеи 18-уми май эълон кард, ки ду рӯз пеш дар пайи бурузи нишонаҳои ин беморӣ, пизишкон президенти пешинро ташхис карда, дар ӯ бемории саратонро ошкор кардаанд.
Дар баёнияи дафтари Ҷо Байден омадааст, хонаводаи президенти пешин дар бораи табобати ӯ бо пизишкон машварат доранд.
Нашри ин хабар вокунишҳои густурдае ба дунбол дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Иёлоти Муттаҳида дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ӯ ва ҳамсараш аз шунидани хабари бемории Ҷо Байден “бисёр мутаассир” шудаанд ва барои Байден орзуи саломатӣ мекунанд.
Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерс", саломатии Ҷо Байден ҳатто пеш аз мунозираи ӯ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифта буд. Манзур мунозираи интихоботии Ҷо Байден ва Доналд Трамп дар моҳи июни соли 2024 аст, ки баъди он Байден аз рақобатҳои интихоботӣ даст кашид.
Ҷо Байден соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда, то охири соли 2024 Амрикоро роҳбарӣ кард. Ӯ 82 сол дорад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Э.Раҳмон: Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ба ҳаёти миллионҳо кас дар минтақа таҳдид мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш ба буҳрони обшавии босуръати пиряхҳо рӯбарӯ аст ва ин вазъ ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Президент 30-юми май дар Конфронси байналмилалии обшавии пиряхҳо дар Душанбе гуфт, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, 1300 пирях пурра об шудааст.
"Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи ташаккули 60 дарсади оби тоза дар Осиёи Марказӣ аст ва талафоти пиряхҳо ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад",-афзуд ӯ.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони баландмақоми Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо кишвар, чанд маротиба аз офатҳои табиӣ нигаронӣ кард, ки дар пайи обшавии босуръати пиряхҳо ба миён омадааст. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ягон оморе дар бораи офатҳои табиӣ ба забон наовард.
"Ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки як бӯҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад",-гуфт оқои Раҳмон.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ кард, ки имкониятҳои техникии кишвараш маҳдуд аст ва барои татбиқи чораҳои таъхирнопазир кӯмакҳои молию техникии шарикон зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияи фарогир ташкил шавад. "Тоҷикистон даъват мекунад, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешида шавад... Пешниҳод менамоям, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад",-афзуд ӯ.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз камбуди об дар кишвараш чизе нагуфт. Бо вуҷуди онки беш аз нисфи обҳои тозаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, то ҳол як қисми аҳолии кишвар бо оби тоза таъмин нестанд.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.
Амина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ дар ҳамоиши обшавии пиряхҳо дар Душанбе аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки сармоягузорӣ барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлимро бештар кунанд. Хонум Амина гуфт, зиёд кардани сармоягузорӣ метавонад аз як буҳрони башарӣ пешгирӣ кунад. "Ҳозир вақти иқдом аст, мо дигар вақти ба таъхир гузоштани онро надорем".
Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милал аз обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои бади он барои зиндагии миллионҳо нафар дар ҷаҳон нигаронӣ кард.
Тибқи омори СММ, солҳои 1975-2024 башарият шоҳиди бузургтарин талафоти пиряхҳо будааст. Дар ин давра зиёда аз 9 триллион тонна ях нобуд гардидааст. "Аз се як ҳиссаи пиряхҳо аз даст рафтаанд ва агар чора наандешем, ин раванд идома меёбад,”-гуфт муовини Дабири кулли СММ.
Амина Муҳамммад дар ҳамоиши Душанбе аз он нигаронӣ кард, ки аз даст додани пирхҳо, амнияти ғизоӣ ва суботи ҷомеаҳоро ба хатар рубарӯ мекунад.
Намояндагони СММ мегӯяд, бар пояи Созишномаи Париж, кишварҳои имзогузор ӯҳдадор шудаанд, ки партобҳои газҳои гулхонаиро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, то дар дарозмуддат ҳарорати миёна дар сатҳи замин дар муқоиса бо сатҳи то замони саноатисозӣ дар нишондоди пасттар аз 2 дараҷа Селсия нигоҳ дошта шуда, талошҳои то ба 1,5 дараҷаи Селсия маҳдуд кардани ҳарорат тақвият дода шавад.
Конфронси байналмилалии оид ба ҳифзи пиряхҳо то 31 май идома мекунад. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳамоиши Душанбе беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвари аъзои Созмони Милал ва 70 созмони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Дар миёни онҳо - нахуствазирони чанд кишвар ва ноибони президентҳо ҳам мебошанд. Интизор меравад дар поёни ин ҳамоиш Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо қабул шавад.
Эрон ба садҳо муҳоҷири афғон дастур дод, ки ин кишварро тарк кунанд

Эрон ба беш аз 4 миллион муҳоҷири афғони бесанад дастур додааст, ки то 6 июл ин кишварро тарк кунанд.
Мақомоти Эрон эълон кардаанд, санадҳое, ки аз сӯи Идораи омор ба муҳоҷирони афғон дода шудааст, дигар эътибор надорад ва аз онҳо хоста шуд, ки қабл аз муҳлати эълоншуда, Эронро тарк кунанд.
Нодир Ёраҳмадӣ, раиси Маркази муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Вазорати корҳои дохилии Эрон гуфтааст, ки дорандагони санадҳои Идораи омор аз ин баъд муҳоҷирони ғайриқонунӣ пиндошта мешавад.
Вай таъкид кард, ки танҳо шаш гурӯҳи хоси муҳоҷирони дорои санадҳои муваққат, метавонанд дар Эрон бимонанд.
Бар асоси омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6 миллиону дусад ҳазор муҳоҷири афғон дар Эрон ба сар мебаранд, ки аз ҷумла, 4 миллиону сад ҳазор, санади иқомат доранд.
Нодир Ёраҳмадӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, мактабхонҳое, ки сарпарасти онҳо танҳо санадҳои Идораи оморро доранд, дар соли ояндаи таълимӣ ҳаққи сабти ном дар мактабҳоро нахоҳанд дошт.
Боз як маҳдудият ба муҳоҷирони таксирон дар Маскав

Ронандагони муҳоҷир дар шаҳри Маскав акнун танҳо бо донистани мавқеият ва ҷойҳои пойтахт метавонанд дар ин шаҳр фаъолият кунанд ва ё ба кори худ идома бидиҳанд. Дар ин бора Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав қарореро имзо кардааст.
Аз ин ба баъд, ронандагони муҳоҷир бояд донанд, ки истгоҳҳои метро, роҳи оҳан, беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои ҳукуматӣ ва фарҳангӣ дар куҷо ҷойгиранд ва чӣ тавр ба ин биноҳо метавон расид.
Бино ба муқаррароти нав, ронандагони кирокаш дар Маскав аз санҷиш мегузаранд ва барои надонистани маълумоти зикршуда, ронанда 5 ҳазор рубл ҷарима мешавад.
Расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ҳам нақша дорад, ки то охири соли 2025 фаъолияти хориҷиёнро ба ҳайси кирокаш ва колорасон, манъ кунад.
Александр Беглов, шаҳрдори Санкт-Петербург дар сомонаи ҳукумати ин шаҳр Лоиҳаи қарори мазкурро нашр кардааст. Дар он омадааст, ки аз 1-уми июли соли 2025 фаъолияти хориҷиён дар бахши кирокашӣ ва колорасонӣ дар ҳудуди ин шаҳр манъ карда мешавад.
Дар як соли охир Думаи давлатии Русия 34 тарҳу қонунеро қабул карда, ба вуруд, иқомат ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ намуд ва онҳоро ҳарчи бештар ба як қишри беҳуқуқ ва осебпазир табдил дод.
Дар Русия як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, ба хок супурданд

Дар шаҳри Толяттии Русия як зодаи Тоҷикистонро ба хок супориданд, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст. Маросими дафни Мират Раҳмонови 38-сола рӯзи 27-уми май сурат гирифт. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани видео аз ҷараёни видоъ бо муҳоҷири тоҷик гуфтанд, ки ӯро 8 моҳ пеш ба ҷанги Украина бурдаанд ва се моҳи пеш кушта шудааст. Ҷасадашро чанде пеш ба маҳалли иқоматаш ба шаҳри Толятти дар вилояти Самара овардаанд, ки онҷо бо ҳамсару фарзандонаш зиндагӣ мекардааст.
Фарде, ки видеоро сабт кардааст, мегӯяд, дар маросими дафн ду писари Мират Раҳмонов ҳузур доранд. Ҷавони тоҷик сокини ноҳияи Данғара будааст. Маълум нест, ки чӣ гуна ва дар кадом шаҳри Украина кушта шудааст. Ин танҳо хабари кушт шудани зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина дар ҳафтаи ҷорӣ нест.
Ҷасади Ихтиёр Холов, як қурбонии дигари ҷанги Русия дар Украина чанд рӯз боз дар яке сардхонаҳои Русия мехобид. Рӯзе пештар бо мусоидати корбарон ва нашри акси ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ падараш ӯро шинохт ва ҳоло зоҳиран дар садади гирифтану дафн кардани ҷасади фарзандаш аст.
Таҳлилгарон пайвастани тоҷикон ба ҷангро ба камбизоатӣ ва муҳоҷират ба Русия пайванд медиҳанд. Чанде пеш тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина бо нашри як рӯйхат номи беш аз 900 тоҷикро эълон кард, ки ба ҷанги Украина рафтаанд ва 196 нафарашон кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора омору маълумоте намедиҳанд.
Нетаняҳу куштори раҳбари Ҳамос Муҳаммад Синворро тасдиқ кард

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу тасдиқ кард, ки рӯзи 13 май дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ раҳбари Ҳамос Муҳаммад Синвор кушта шудааст.
Jerusalem Post навишт, ки изҳороти Нетаняҳу дар ҷараёни ҷаласаи парлумон садо дод. Аввалин хабарҳо дар бораи кушта шудани Синвор дар матбуот рӯзи 18 май нашр шуданд. Телевизиони саудии Al-Hadath навишт, ки ҷасади раҳбари Ҳамосро дар нақби Хон Юнис дар ҷануби Ғазза пайдо карданд.
Ҳамроҳ бо ӯ даҳ ёвараш ҳам кушта шуд. Рӯзи 13 май артиши Исроил гуфт, ки ба фармондеҳии Ҳамос, ки дар зери беморхонаи аврупоии Хон Юнис ҷойгир аст, зарбаҳо задааст. Мақсади ин ҳамлаҳо ҳам Синвор буд, навиштааст The Times of Israel.
Муҳаммад Синвор бародаи хурдии раҳбари кушташудаи Ҳамос Яҳё Синвор буд, ки ӯро ташаббускор ва муаллифи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар таърихи 7 октябри соли 2023 меноманд. Исроил дар бораи кушта шудани Яҳё Синвор 17 октябри соли 2024 хабар дода буд.
Шойгу аз имкони эҷоди ҳамкориҳо бо Толибон гуфт

Дабири Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу гуфт, боздошта шудани қарори манъи “Толибон” метавонад ба Русия имкони эҷоди ҳамкориҳои шарикиро бо Кобул фароҳам кунад. Шойгу, ки рӯзи 29 май дар ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Маскав сӯҳбат мекард, гуфт, рӯзи 17 апрел Додгоҳи олии Русия қарори манъи фаъолияти “Толибон”-ро ҳамчун созмони террористӣ боздошт. Ин чиз, ба бовари Шойгу роҳро ба эҷоди шарикии иловагӣ бо Кобул дар доираи манфиатҳои мардуми Русия ва Афғонистон ҳамвор мекунад”. Ӯ гуфт, “имкони азсаргирии кори гурӯҳи тамоси СҲШ ва Афғонистонро ҳам мешавад баррасӣ кард”.
ФСБ-и Русия гуфт, ки қарори Додгоҳи олии Русия дар бораи боздошта шудани манъи фаъолияти “Толибон” дар Русия 26 май ба иҷро даромад ва дар феҳристи созмонҳои террористӣ дар хоки ин кишвар тағйирот ворид карда шуд.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, мулоқоти дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 27-29 май дар Маскав барпо мешавад ва дар кори он аз Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, “Толибон”-ро то замони эҷоди як ҳукумати фарогир аз қавму гурӯҳҳои мухталифи сокини Афғонистон ба расмият намешиносад. Айни замон, дар доираи бархе созишҳои тиҷоратию иқтисодии мисли CASA-1000 бо ин ҳукумат ҳамкорӣ карда, дар Душанбе як ҳайати ширкати энержии “Брешна”-ро дар доираи конфронсе мизбонӣ кардааст.
Дар таркише муовини раиси шаҳри Ставропол кушта шуд

Дар як таркише дар шаҳри Ставрополи Русия шоми 28 май дар ҳавлии бинои истиқоматие ду нафар, аз ҷумла муовини аввали раиси ин шаҳр Заур Гуртсиев кушта шуданд. Гуртсиевро бар асоси барномаи бо кортаъминкунии собиқадорони ҷанги Украина бо номи “Аҳди қаҳрамонҳо” ба ин мақом таъин карда буданд.
Телеграм-канали Shot навишт, ки эҳтимолан сабаби инфиҷор таркиши норинҷак мебошад. Шоҳидон ба "Осторожно Media" гуфтаанд, ки пеш аз он ки таркиш рух диҳад, ин ду мард дар рӯи ҳавлӣ нишаста машрубот менӯшиданд. Аз рӯи моддаи куштори беш аз ду нафар дар ҷои ҷамъиятӣ парванда боз шудааст.
Раиси вилоят Владимир Владимиров куштори Гуртсиевро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳама фарзияҳо, аз ҷумла сӯиқасд аз ҷониби Украина, баррасӣ мешаванд.
Майор Заур Гуртсиев раиси ситоди мудирияти ҳарбии авиатсия буд. Бино ба иттилои расмӣ, ӯ амалиёти ҳавоии ишғоли Мариуполро раҳбарӣ кардааст. Дар натиҷаи ҷангҳо дар Мариупол садҳо манзил ва муассисаҳои мулкӣ нобуд карда шуданд ва Русияро борҳо барои ҳамлаҳои ҳавоии бебандубор айбдор намудаанд.
Дар Тоҷикистон Барномаи панҷсолаи пешгирӣ аз саратон қабул шуд

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 май Барномаи пешгирӣ ва назорати саратон дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 қабул шуд. Сомонаи президент навишт, ки дар ин ҷаласа бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ барномаи навро муаррифӣ намуд ва ин барнома бахше аз Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 дониста хоҳад шуд.
"Масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст” ва бо ин ҳадаф, ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, дар солҳои наздик сатҳи иттилоърасонӣ ба аҳолӣ дар бораи сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои онкологӣ ва пешгирӣ аз онҳо тавсеа хоҳад ёфт.
Табибон як мушкили асосӣ дар табобати саратонро дар он мебинанд, ки бисёриҳо одати сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаштанро надоранд ва бисёр вақт барои табобати беморӣ дер муроҷиат мекунанд. Сокинон дар навбати худ мегӯянд, ба далели гарон будани ташхису табобат аз сари вақт муроҷиат кардан ба табибон худдорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон то соли 2024 дар маҷмӯъ 20 ҳазору 675 нафар бемори онкологӣ ба қайд гирифта шудааст. Табибон аз афзоиши гирифторӣ ба бемории саратон дар миёни занон изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, дар як сол омори ошкоршавии саратони сина дар миёни занон то 500 нафар зиёд мешавад.
Илон Маск ҳукумати Трампро тарк мекунад

Илон Маск, аз мақоми мушовири баландпояи ҳукумати Доналд Трамп канорагирӣ мекунад. Инро як мақоми Кохи Сафед тасдиқ кард.
Илон Маск, ки масъулияти раҳбарии Департаменти коромадии ҳукумат (DOGE)-ро ба ӯҳда дошт, эълом кард маъмурияташ ба унвони корманди вижаи ҳукумат ба поён расидааст.
Ҳадафи Маск дар даврони маъмурияташ коҳиши ҳазинаҳо буд ва дар даврони фаъолияти беш аз чормоҳааш бо муқовимати ниҳодҳои давлатӣ, фишори сиёсӣ ва ихтилофҳои дигар рӯбарӯ шуд.
Ӯ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии худ (Х) аз Трамп барои ин фурсат ташаккур кард ва навишт, ки маъмурияти DOGE дар ҳукумат идома хоҳад ёфт.
Ин тасмим пас аз он эълон шуд, ки Маск дар мусоҳибае бо CBS, аз тарҳи аслии Трамп интиқод кард ва онро сабаби афзоиши коҳиши будҷа донист.
Бархе ҷумҳурихоҳон низ бо Маск ҳамназар ҳастанд ва хостори коҳиши бештари хароҷот мебошанд.
Ҳукумат ният дорад бо пешниҳоди тарҳҳое ба Конгресс, бахше аз будҷаи қабулшударо бекор кунад. Дар ҳамин ҳол, Маҷлиси намояндагон тарҳро қабул карда ва Сенати Амрико дар ҳоли баррасии он аст.
Рустами Эмомалӣ дар Маскав бо Путин мулоқот кард

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кардааст.
Дар ин бора саҳфаи Маҷлиси миллӣ дар "Фейсбук" хабар дод. Ин мулоқот шоми 28-уми май дар Кремл баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардаанд.
"Равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби соҳаи муҳоҷират, яке аз мавзӯъҳои суҳбати ҷонибҳо буд",-омадааст дар хабар. Дар ин бора тафсилоти бештар дода нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури Русия дар бораи вазъи Афғонистон низ гуфтугӯ кардаанд.
Ба иттилои расонаҳои давлатии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ин сафар бо Вячеслав Володин ва Валентина Матвиенко, раисони ҳарду палатаи порлумони Русия, низ мулоқот кардааст.
Қимати сабзавот ва равғани растанӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст

Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бештар сабзавот ва равғани растанӣ, қимат шудааст.
Тибқи ҳисоботи 4-моҳаи ин ниҳод, нархи караму сабзӣ ва картошкаву пиёз, равғани растанӣ ва меваю гӯшт боло рафтааст.
Айни замон дар ин давра нархи орду гушти мурғ ва биринҷу қанд нисбатан арзон шудааст.
Тағйирёбии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия дар ҳолест, ки сокинон пайваста аз маоши каму нархҳои баланд дар бозорҳои кишвар нигаронӣ мекунанд.
Бархе иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум ё инфлиятсия зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пайваста дар ҳоли боло рафтан мебошад.
Аз ҷониби дигар, уфти бошиддати доллар дар қиёс ба сомонӣ ҳам аз омилҳои таъсиргузор арзёбӣ мешавад.
Боздошти ҳафт нафар дар Русия бо гумони узвият дар созмони террористӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, дар шаҳри Нижний Новгород ҳафт нафарро бо гумони узвият дар созмони терористӣ боздошт кардаанд. ФСБ ва ё Хадамоти амнияти федералӣ рӯзи 27-уми май гуфт, ки ҳамаи онҳо зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки гуё бо паҳн кардани ғояҳои террористӣ миёни муҳоҷирон сафи аъзои созмони худро аз ҳисоби онҳо зиёд мекарданд.
Номи ҳеч яке аз созмонҳои террористӣ дар ин хабар наомадааст. Хадамоти мазкур бо нашри видеое аз ҷараёни боздошти гумонбарон гуфтааст, ки ин гурӯҳи ифротиён бо дастури раҳбарашон, аз Полша ва ё Лаҳистон амал мекарданд.
Хадамоти амнияти федеролӣ бар зидди ду нафар аз боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва додгоҳ амр додааст, ки онҳо то замони анҷоми таҳқиқи парванда ва то 19-уми июл дар боздоштгоҳ бимонанд. Панҷ нафари боқимондаро аз Русия ихроҷ мекунанд.
Шаҳрвандии ин афродро ошкор накардаанд, вале дар видео санадҳо аз ҷумла шиносномае дида мешавад, ки зоҳиран айни шиносномаи Узбекистон аст. Ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирон баъзан ба дурустии ин гуна боздоштҳо ва иттиҳомоти мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳо чунин амалиёт бо ҳадафи вонамуд кардани муборизаи ниҳодҳои интизомии Русия бо терроризм саҳнасозӣ мешаванд.
Ҳукми қатли Педром Маданӣ барои "ҷосусӣ ба нафъи Исроил" ба иҷро даромад

Эрон гуфт, ки ҳукми қатли марди айбдоршуда ба “ҷосусӣ ба манфиати Исроил”-ро ба иҷро дароварданд. Қаблан гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, дар таҳқиқи парвандаи Педром Маданӣ қонунҳои тафтишот ҷиддан вайрон шуда эътирофи ӯ дар шароити фишору таҳдид ба даст омадааст, рӯзи 28 май оҷонсии Мизони вобаста ба низоми додгустарии Эрон навишт, ки Маданиро бар асоси иттиҳоми “ҷосусӣ ба нафъи Исроил” ва “дастрасӣ ба сарват аз роҳҳои ғайриқонунӣ” қатл карданд.
Созмони эронии ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, ки баъди интиқоли Маданӣ ба зиндони низомаш сангини Эвин дар Караҷ, рӯзи 25 май иҷоза доданд, ки ӯ бо аҳли оилааш дидор кунад ва зоҳиран, ин охирин мулоқоти онҳо буд. Созмон се рӯз пеш дар изҳороташ гуфт, ки ҳаёти Маданӣ дар хатар аст.
Педром Маданиро соли 2020 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Исроил боздошт карданд. Ӯро ба ҳукми қатл маҳкум карданд, Додгоҳи олӣ ин ҳукмро се бор бекор карда ҳар бор ин ҳукмро додгоҳи баробарвазни дигар барқарор кардааст.
Ба иттилои Human Rights Watch, дар Эрон нишондодҳои қатли инсон хеле ваҳшатнок буда, танҳо дар 25 рӯзи моҳи маи соли 2025 низоми додгустарии ин кишвар ҳукми қатли 113 нафарро иҷро кардааст. Ба итилои созмони ҳомии ҳуқуқи инсони воқеъ дар Осло, соли ҷорӣ ҳукми қатли 478 нафар дар Эрон тасдиқ шудааст ва ин 75 дарсад бештар назар ба ҳамин мӯҳлати соли гузашта мебошад.
Федерико Борелло, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси Human Rights Watch гуфт, “дар давоми панҷ моҳи соли 2025 мақомот дар Эрон дар як рӯз ба ҳисоби миёна се нафарро қатл кардаанд”. Ӯ гуфтааст, дар миёни қатлшудаҳо асосан дигарандешон ва мардуми ба канор задашуда, аз ҷумла, қурбониёни сиёсати бераҳмонаи зидди маводи мухаддир ҳастанд.
“Чунин бархӯрди мақомоти Эрон дахолати билофосилаи ҷомеаи байналмилалиро ба хотири хатми ҳамаи ҳукмҳои қатл ва ҷорӣ кардани моратория ба иҷрои ҳукми қатл тақозо мекунад”, гуфт Борелло.
СММ-ро дар конфронси Душанбе муовини Гутерриш намояндагӣ мекунад

Амина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон меравад, то дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иштирок кунад. Ин конфронс қарор аст аз 29 то 31 май дар Душанбе барпо шавад. Стефан Дюжаррик, сухангӯи СММ дар изҳороташ гуфт, Амина Муҳаммад дар ин нишаст ба намояндагӣ аз дабири кулли СММ иштирок хоҳад кард.
“Дар ин конфронс хонум Муҳаммад ба тавсеаи тадбирҳои муҳитзистӣ ба хотири дастёбӣ ба ҳадафи 1,5 дараҷа таъкид хоҳад кард, то ки таъсири обшавии пиряхҳо ба ҳаёти мардум ва сайёра коҳиш дода шавад. Инчунин дар сафараш ба Душанбе муовини дабири кулл бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба хотири тақвияти ҳамкориҳои СММ дар бахшҳои ҷавонон ва занон ва дигар сохторҳо мулоқот ва гуфтугӯ мекунад”.
СММ мегӯяд, бар пояи созишномаи Париж, кишварҳои имзогузор ӯҳдадор шудаанд, ки партобҳои газҳои гулхонаиро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, то ки дар дарозмуддат ҳарорати миёна дар сатҳи Замин дар муқоиса бо сатҳи то замони саноатисозӣ дар нишондоди пасттар аз 2 дараҷа Селсия нигоҳ дошта шуда, талошҳои то ба 1,5 дараҷаи Селсия маҳдуд кардани ҳарорат тақвият дода шавад.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳамоиши Душанбе беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвари аъзои Созмони Милал ва 70 созмони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Дар миёни онҳо - нахуствазирони чанд кишвар ва ноибони президентон ҳам мебошанд. Рӯзи 28 май президент Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло мулоқот кард, ки барои иштирок дар ин конфронс дар Тоҷикистон қарор доранд.
Интизор меравад дар поёни ин ҳамоиш Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо қабул шавад.
Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудудаш куҳсор аст, яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки аз обшавии пиряхҳо нигаронӣ мекунад.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳамеша аз он тавсиф мекунанд, ки бо ташаббуси Душанбе чанд қатъномаи Созмони Милал дар бораи об қабул шудааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди талоши дастёбӣ ба эътибори байналмилалӣ, мақомот дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ваё пешгирӣ аз селу обхезиҳои пурқурбонӣ дар дохили кишвар кори каме ба субут мерасонанд.
Тибқи иттилои Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст ва ҳар сол дар паи селу обхезиҳо даҳҳо нафар зарар мебинанд.
Келлог аз мулоқоти эҳтимолии Трамп, Зеленский ва Путин дар Женева хабар дод

Кит Келлог, намояндаи вижаи президенти ИМА гуфт, мулоқоти эҳтимолии президентони ИМА, Украина ва Русия - Доналд Трамп, Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонад дар шаҳри Женеваи Швейсария барпо шавад. Дар ин бора Келлог дар сӯҳбаташ бо телевизиони Fox News хабар дод. Келлог гуфт, ки ИМА аллакай аз ҷониби Украина санадеро бо феҳристи шартҳои оташбас ба даст овардаанд ва айни чунин санадро аз Русия мунтазир мебошад.
Келлог гуфт, «вақте президент Трам бо президент Путин каме бештар аз як ҳафта пеш сӯҳбат доштанд, русҳо гуфтанд, ки як ба истилоҳ ёддоште омода мекунанд, ки дар он рӯйхати талабҳо зикр мешавад. Бо ҳамин роҳ мо ба сулҳ даст меёбем. Мо аллакай чунин як санадро аз украиниҳо ба даст овардаем, ҳоло бояд аз русҳо бигирем».
Ӯ афзуд, ки амрикоиҳо мехостанд чунин мулоқоте дар Ватикан барпо шавад, вале русҳо нахостанд ба он ҷо сафар кунанд. Аз ин рӯ шаҳри Женеваро ҳамчун дигар ҷои имконпазир барои ташкили мулоқоти се раҳбар баррасӣ доранд. Тасдиқи расмии санаву шакли мулоқоти эҳтимолии сеҷониба феълан дар даст нест.